Jump to content

Намози хавф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Намози хавф (ар. صلاة الخوف ‎ — намози хавф) — намозе аст, ки мусулмонон дар ҳолати ҷанг ду даста шуда, намоз мегузоранд.

Бояд донист, ки намоз ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҳоле аз бандаи муъмин соқит намешавад. Ҳатто агар мусалмонон дар майдони ҷанг ва дар ҳолати рӯёрӯӣ ва задухӯрд бо душманон қарор дошта бошанд ҳам, бояд намозро ба ҳар сурате ки имкон дорад, баргузор намоянд. Бинобар ҳамин аҳамияти намоз аст, ки намози хавф ё намози ҳолати ҷанг аз ҷониби Худованд амр гардидааст.

Ҳангоми набард

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми набард ҳар гоҳ тарс аз ҳуҷуми душман шиддат гирад, мусалмонон намозашонро ба ин сурат адо мекунанд: Имом мардумро ба ду даста тақсим мекунад. Дастаеро дар муқобили душман қарор медиҳад ва бо дастаи дуюм ракъати аввали намозро адо менамояд ва ҳамин ки сарашро аз саҷдаи дуюм баланд кард, ин дастаи намозгузорон мераванд ва дар муқобили душман қарор мегиранд ва дастаи аввал омада, ба имом иқтидо мекунанд ва имом ракъати дуюмро бо онҳо хонда, салом медиҳад. Аммо иқтидокунандагон салом намедиҳанд, балки рафта, дар баробари душман меистанд.

Сипас он даста, ки дар муқобили душман қарор гирифта буданд, меоянд ва ракъати дуюмашонро бе қироат пурра намуда, салом медиҳанд. Баъд аз он онҳо рафта, дар баробари душман қарор мегиранд. Сипас дастаи дуюм бар мегарданд ва бақияи ракъаташонро бо қироат ба итмом расонида, салом медиҳанд.

Ин буд тафсили чигунагии баргузории ду ракъат фарзи намози хавф дар фаҷр (бомдод) ва ё ин ки намози қаср, агар имом мусофир бошад. Ва агар имом муқим бошад, дар фарзи намозҳои чаҳорракъатӣ бо ҳар дастае ду ракъат намоз мегузорад.

Дар намози мағриб (шом) имом бо дастаи аввал ду ракъат ва бо дастаи дуюм як ракъати намозро мехонад.

Дар аснои хавфи шадид

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар аснои намози хавф мусалмонон силоҳи худро ба замин намегузоранд. Агар шиддати хавф ба ҳадде бошад, ки натавонанд намозашонро бо ҷамоат барпо намоянд, метавонанд бар болои маркабҳояшон (аспҳо, харҳо ва дигар техникаи ҷангӣ) ва бо ишораи сар ва рӯ ба ҳар тарафе, ки доранд, намозашонро ба сурати инфиродӣ (танҳогузор) хонанд.

Агар дар вақти баргузории намоз душман ба онҳо ҳамла намояд ва онҳо маҷбур ба ҷанг шаванд ё роҳ раванд ва ё ин ки ба сӯи маркабҳояшон ҳаракат кунанд, намозашон ботил мегардад.

  • Абдушарифи Боцизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе—2017