Volvo
Навъ | commercial vehicle manufacturer[d], ширкати саҳҳомии ом[d], aktiebolag[d] ва ширкати тиҷорӣ |
---|---|
Таъсисёбӣ | 1927 |
Бунёнгузорон | SKF[d] |
Макон | |
Бахш | санъати худравсозӣ[d] |
Шумораи кормандон | |
Ширкатҳои духтарӣ | Volvo Buses[d], Volvo Trucks[d], Volvo (United States)[d], Volvo (Canada)[d], Volvo (Germany)[d], Volvo Powertrain[d], Volvo Construction Equipment[d] ва Volvo Penta[d] |
Сайт | volvogroup.com |
Aktiebolaget Volvo (Volvokoncernen, дар ИМА маъруф ба Volvo Group) — ширкати шведии истеҳсоли худравҳо, боркаш, автобусҳо, муҳаррикҳо ва таҷҳизоти гуногун. Дар шаҳри Гӯтебург (Шветсия) қарор дорад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]«Волво» солҳои қаблӣ автомобилҳои сабукрав низ истеҳсол мекард, вале соли 1999 бахши мошинҳои сабукрави худро бо номи «Volvo personvagnap» ба ширкати «Ford» фурӯхт (ҳоло он дар ихтиёри ширкати «Geely» аст). «Волво»-ро соли 1915 Ассар Габриэлссон ва Густаф Ларссон ҳамчун ширкати фаръии истеҳсоли подшипникҳои SKF таъсис додаанд. 14 апрели 1927 худрави аввалин – Jakob OV4, ки дорои 28 қувваи асп буда, бо суръати 90 км/с ҳаракат мекард, истеҳсол карда шуд. Соли 1935 «Волво» истиқлоли комил ба даст оварда, соли 1956 содироти автомобилҳои аввалинро ба ИМА ба роҳ монд (соли 1957 ба ИМА 5000 автомобил фурӯхт). Солҳои 70 садаи XX ширкати «Волво» соле 205 ҳазор автомобил истеҳсол мекард. Соли 1960 истеҳсоли худрави тамғаи Р1800 – мошини варзишии дуҷоя роҳандозӣ шуд. Соли 1966 истеҳсоли Volvo–144 оғоз ёфт.
Истеҳсолот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоло ширкати «Волво» автомобилҳои тамғаи «Renault Truckc», «Mack», «Wissan Diesel», «Prevost» ва «Hova Bus»-ро истеҳсол мекунад. «Волво» ба 9 ширкати истеҳсолӣ ва 11 бахши тиҷоратӣ тақсим мешавад. Ширкатҳои истеҳсолии «Волво»: «Volvo Truckc» (истеҳсоли автомобилҳои боркаш); «Mack» (истеҳсоли автомобилҳои баркаши тамғаи «Mack»); UD Truckc (истеҳсоли автомобилҳои боркаш, автобусҳо, шассии автобусҳо ва муҳаррикҳои тамғаи «Nissan»); «Volvo Bussar» (коркад ва истеҳсоли автобусҳо ва муҳаррикҳои тамғаи «Volvo»); «Volvo Construction Equipment» (коркард, истеҳсол ва хадамоти техникаи бинокории тамғаи «Volvo», таҷҳизоти бинокорӣ); «Volvo Penta» (коркард ва истеҳсоли муҳаррику дастгоҳҳои нерубахш барои киштиҳо); «Volvo Aero» (коркард ва истеҳсоли ҷузъҳои муҳаррикҳо барои тайёраҳо ва ракетаҳои кайҳонӣ); «Volvo Financial Services» (хадамоти молиявӣ). Солҳои 2000 автомобилҳои ширкати «Волво» ба бозорҳои Тоҷикистон низ роҳ ёфтанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Волво // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.