Jump to content

Вазорат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вазорат (форсӣ: وزارت‎) — яке аз бахшҳои сохтори давлат. Ниҳоди вазорат ва сохтимоне, ки як вазорат дар он ҷо дорад вазоратхона ном дорад.

Вазоратро пештар Девон меномиданд. «Девон» яке аз куҳантарин истилоҳоти кишвардории тоҷикон аст. Бино бар «Фарҳанги решашиносии забонҳои эронӣ», вожаи «девон» бозмонда аз порсии миёна: «dīwān» дар порсии миёна ва порсии бостон: «*dipi-dāna-» дар порсии бостон аст ва чунин дигаргун гаштааст: *dipi-dā́na- > diβδān > diwyān > diywān > dīwān.

Ин истилоҳ дар забони порсии бостон аз ҳамкарди ду вожа падид омада: порсии бостон: «*dipi-» — ‘навишта‘ + «*dāna-» — ‘ҷой; макон‘ ва маънояш рӯйҳамрафта «макони нигаҳдории асноду мадорик, яъне бойгонӣ» будааст, ки сипас дар порсии миёна маънои «вазоратхона»-ро гирифта, ки дар форсии дарӣ низ бо ҳамин маънову мафҳум корбурд дошт. Бояд гуфт, ки «*dipi-» дар порсии бостон вомвожа аз «tippi» дар забони эломӣ аст, ки гунаи куҳантараш «tuppi» баргирифта аз вожаи шумерии «dup-» ба маънии «навишта; лавҳ» аст.

Ин истилоҳ аз оғози подшоҳии Ҳахоманишиён то фарҷоми аморати Манғитиён, яъне аз соли 558 пеш аз милод то соли 1920 милодӣ, камобеш 2500 сол, дар Эрону Турон корбурд доштааст. Чунончи, Сосониён, ки худро аз пушти Ҳахоманишиён мешумурданд, девонҳо доштанд ва чун мусулмонон бар онҳо чира шуданд, созмони девонсолории онҳоро ба кор гирифтанд ва девонҳо ташкил карданд. Сомониён нахустин давлате буданд, ки ташкилоти девонсолориро аз хилофати Аббосиён гирифта ва онро тоҷикӣ карда буданд.

Идораи умури мамлакати Сомониён миёни ду созмони бузург тақсим шуда буд, ки яке «даргоҳ» ном дошт, ки ҳамон «дарбор» аст ва дигаре «девон». Бино бар гуфтаи Абубакр Муҳаммади Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро», «Амири Саъид Наср ибни Аҳмад ибни Исмоили Сомонӣ ба Регистон сарое фармуд ва сарое сохтанд бағоят некӯ ва моли бисёр дар вай харҷ кард ва бар дари сарои хеш сарои уммол (коргузорон) фармуд бино карданд чунон ки ҳар омилеро алоҳида девоне будӣ андар сарои хеш бар дари сарои султон, чун Девони вазир ва Девони муставфӣ ва Девони соҳиби шурта ва Девони соҳиби барид ва Девони мушриф ва Девони мамлакати хосса ва Девони муҳтасиб ва Девони авқоф ва Девони қазо, бад-ин тартиб девонҳо фармуд бино ниҳоданд»[1].

Созмони тавонманд ва печидаи кишвардории Сомониёнро донишманди ҳамасрашон Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Юсуфи Котиби Хоразмӣ дар китобаш «Мафотиҳу-л-улум» низ овардааст, ки аз чунин девонҳо ташкил мешудааст: Девони вазир ё Девони вазорат; Девони арз; Девони барид; Девони ишроф; Девони қазо; Девони мамлакати хосса, Девони об, Девони расоил ё Девони иншо; Девони сипоҳ; Девони хироҷ ё Девони муставфӣ; Девони ҳисаба; Девони шурта; Девони авқоф.

Аз бархе аз манобеъ, масалан, аз китоби Низом-ул-Мулк «Сиёсатнома» пайдост, ки ташкилоти идории давлати Сомониён сармашқе барои давлатҳои пасин, яъне Ғазнавиён ва Салҷуқиён шуда ва пас аз онҳо низ ҳар дудмоне, ки дар сарзамини тоҷикон давлату ҳукумате таъсис дода, ҳамин созмонро бо косту афзуде ба кор бурдааст.

Истилоҳи «девон» ба маънии «вазоратхона, идораи давлатӣ» то сарнагунии аморати Бухоро дар соли 1920 ба кор мерафт. Дар замони шуравӣ ҷои девону вазоратро «комиссариати халқӣ» гирифт, вале дар соли 1946 истилоҳи «вазорат» дубора ба кор гирифта шуд. Дар он давра Ҳукуматро «Шурои нозирони халқӣ» (1917—1946) ва «Шурои Вазирон» (1946—1990) мехонданд, ки баргардон аз номҳои русии «Совет народных комиссаров» ва «Совет Министров» буданд. Дар поёни соли 1990 сохтори Шурои Вазирони Иттиҳоди Шуравӣ дигаргун гашт ва ниҳоде, ки ҷойгузинаш шуд, «Кабинети Вазирон» ном гирифт. Соли 1991 Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон бо пешниҳоди устод Муҳаммадҷон Шакурӣ Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистонро расман «Девони Вазирон» номид. Вале соли 1994 ин ниҳод «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» номида шуд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Абубакр Муҳаммад бинни Ҷаъфар Наршахӣ. Таърихи Бухоро. — Душанбе: Дониш, 1979